Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирмуҳаммадзода гуфтааст, "шароит тоқатфарсост"


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори зиндонӣ, аз пайвандонаш хостааст, ки ӯро аз маҳбаси шаҳри Хуҷанд ба ҷойи дигар бибаранд, "чун шароиташ тоқатфарсост".

Наздиконаш мегӯянд, хабарнигорро рӯзи 17-уми март диданд. Вай дар аввали ин моҳ аз Душанбе ба Хуҷанд бурда шуд.

Бародараш, Абдукарим Пирмуҳаммадзода, аз қавли ӯ гуфт, дар як утоқи зиндон тақрибан 60 маҳбусро нигоҳ медоранд.

"Ба сардори Сарраёсати зиндонҳои Вазорати адлия, Мансур Умаров, нома навишта, мехоҳем, ба маҳбасҳои наздик ба Душанбе биоранд," -- гуфт ӯ рӯзи 20-уми март.

Вай афзуд, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар вақти мулоқот гуфтааст, вазъи маҳбас бемории менингит (варами майнаи сар)-ашро боз ҳам сахттар карда: "Лоғар шудааст. Мегӯяд, обе, ки барои маҳбусҳо меоранд, қобили истифода нест."

Кӯшишҳои мо барои суҳбат бо масъулони маҳбаси Хуҷанд натиҷа надод.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро моҳи декабри соли гузашта ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард. Наздикони Пирмуҳаммадзода мегӯянд, то ҳанӯз нусхаи ҳукмро нагирифтанд, вале ба қавли додрас ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гунаҳкор шудааст.

Худаш моҳи октябри соли 2022 дар номае аз боздоштгоҳ навишт, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад. Чизе, ки додрас таҳқиқи дурустияшро хост, вале муфаттишони Додситонӣ тасдиқ накарданд.

Ин хабарнигори 45-сола бахши асосии давраи корашро дар расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла "Садои Душанбе", гузарондааст.

Номаш моҳи ноябри соли 2020, пас аз як муроҷиати видеоӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон вирди забон шуд. Пирмуҳаммадзода аз ҷаримаҳои ҳангуфт ва бекории саросарӣ дар Тоҷикистон шикоят кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG