Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъолон дар интихоботи порлумонии Қазоқистон


Галия Тамабаева ҳангоми бардоштани лавҳа
Галия Тамабаева ҳангоми бардоштани лавҳа

Фаъоли маданӣ Галия Тамабаева 19-уми март дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо бардоштани лавҳаи "Бас аст, дурӯғ!" хоҳони таҳқиқи байнулмилалии ҳодисаҳои хунини моҳи январи соли 2022 дар он кишвар шуд.

Рӯзи 19-уми март интихоботи пеш аз муҳлати порлумонии Қазоқистон баргузор шуд. Дар он танҳо номзадҳои ҳизбҳои сиёсии ҷонибдори ҳукумати он кишвар тавонистанд, иштирок кунанд.

Галия Тамабаева баъд аз гуфтани он ки Нурсултон Назарбоев ва Қосимҷомарт Тоқаев ба додгоҳи Гаага кашида шаванд, аз тарафи нерӯи махсус боздошт шуд. Маъмурони пулис занро аз маҳалли тазоҳурот гирифта, ба дохили микроавтобусе савор карданд, ки рақами давлатӣ надошт.

Дар ин бора ҳомии ҳуқуқ аз Остона Артур Алхастов, ки ҷараёни боздошти фаъоли қазоқро сабт мекард, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, маъмурони пулис дар пеши чашми ӯ даҳҳо фаъоли маданиро дастгир карданд.

"Танҳо дар як ҳолат зан тавонист, ки шиори худро боло карда, фарёд занад. Дар ин миён баъзе аз роҳгузарон ҳам дастгир карда шуданд", - афзуд ӯ.

Дар навори сабткардаи ҳомии ҳуқуқ дида мешавад, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон ду мардро ба микроавтобус савор мекунанд.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки бархе аз фаъолони мадании Қазоқистон дар пасманзари эъломи баргузории тазоҳурот зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии он кишвар дар шаҳри Остона боздошт шуданд.

Канали “ NotExtremists” дар паёмакрасони Телеграм иттилоъ додааст, ки фаъоли мадании қазоқ Амонкелдӣ Ҷахин, ки мақомот номзадияшро дар интихобот сабт накарданд, аз сӯи афроди ниқобпӯш дастгир шудааст. Бино ба хабарҳо, фаъоли дигар Марат Мусобоев ҳам боздошт шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG