Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармондеҳи "Ҷиҳоди исломӣ" дар Димишқ кушта шуд


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия тасдиқ кард, ки як фармондеҳи гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ"-и Фаластин рӯзи 19-уми март дар атрофи шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия, ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва кушта шуд.

Шохаи низомии гурӯҳи фаластинии “Ҷиҳоди исломӣ” низ эълом кард, ки Алӣ Рамзии 31-сола аз фармондеҳони ин гурӯҳ дар дар атрофи Димишқ ҷон бохт.

Хабаргузории "Франс-пресс" гузориш додааст, ки ниманизомиёни ин гурӯҳ, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешаванд, Исроилро ба куштани фармондеҳи худ муттаҳам кардаанд. Артиши Исроил то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст.

Гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" аз сӯи Иттиҳоди Аврупо ва Амрико дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG