Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд куштаву захмӣ. Ҳамлаҳо дар Бахмут ва Херсон


Низомиёни украинӣ гуфтанд, рӯзи 17-уми март ҳамлаҳои навбатии русҳоро дар шаҳри Бахмут ва минтақаҳои атрофи он баргардонданд. Дар бораи кушта шудани чанд ғайринизомии украинӣ гузориш шудааст.

Дар ҳамин ҳол, маъмурияти Херсон гуфт, ин шаҳри ҷанубӣ бори дигар мавриди оташборони русҳо қарор гирифт.

Волии Донетск Павло Кириленко мегӯяд, дар давоми як рӯзи гузашта ду нафар кушта ва ҳашт кас маҷрӯҳ шуд.

Кириленко дар Телеграм навишт, “рӯзи 16-уми март русҳо ду сокини минтақаи Донетскро дар Торетск ва деҳаи Красноҳоривка куштанд. 8 нафари дигар захмӣ шуданд”.

Ситоди кулли нерӯҳои Украина гуфт, русҳо дар як рӯзи гузашта дар хатти аввали ҷабҳаи ҷанг дар шарқи ин кишвар 70 ҳамла анҷом доданд. Тамаркузи асосии онҳо ба Бахмут аст. Онҳо аз моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ талош доранд, ки шаҳрро зери назорат бигиранд.

Дар баробари Бахмут, ба қавли низомиёни украинӣ, нерӯҳои Русия дар минтақаҳои аҳолинишини Лиман, Авдеевка, Мариинка ва Шахтёрск ҳам ҳамлаҳои худро идома доданд.

Русҳо панҷ ҳамлаи мушкӣ, 18 ҳамлаи ҳавоӣ ва даҳҳо ҳамла аз системаҳои мушакӣ анҷом доданд.

Дар ҷабҳаи дипломатӣ вазири корҳои хориҷии Украина Дмитро Кулеба аз ҳампаймонҳои кишвараш хост, таъмини артишро бо силоҳ суръат бахшанд, чун ҳама гуна таъхир боис ба афзоиши қурбониҳо мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG