Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанни Инфантино дубора президенти FIFA интихоб шуд


Ҷанни Инфантино.
Ҷанни Инфантино.

Интихоби президенти FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) 16-уми март дар Конгресси 73-юми ин созмон дар шаҳри Кигалии Руанда баргузор шуд. Ӯ ягона номзад ба ин мақом буд.

Ба иттилои sports.ru Ҷанни Инфантинои 52-сола, ки қаблан ин мақомро бар ӯҳда дошт, то соли 2027 раҳбари FIFA интихоб гардид.

"Президенти FIFA будан шарафи бебаҳо, имтиёз ва масъулияти бузург аст. Аз дастгирии шумо ман воқеан ифтихор дорам ва ваъда медиҳам, ки минбаъд низ ба FIFA, ба футбол дар саросари ҷаҳон ва ба ҳамаи 211 ассотсиатсияи аъзои FIFA хидмат хоҳам кард”, - гуфт Инфантино пас аз интихоб шуданаш.

Зимнан, Инфантино бори нахуст соли 2016 ва бори дуюм соли 2019 раиси FIFА интихоб шуда буд.

Президенти собиқи FIFA Йозеф Блаттер буд. Соли 2015 баъди он ки додситонии кулли Швейтсария алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард, Блатерро аз мақомаш барканор ва аз фаъолияти минбаъдааш дар риштаи футбол маҳрум карда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG