Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ даъвои "Озодӣ"-ро зидди КДАМ баррасӣ накард


Додгоҳи маъмурии шаҳри Бишкек даъвои бахши қирғизии Радиои Озодиро нисбат ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти давлатии иктишофи молии Қирғизистон ба баррасӣ нагирифт.

Радио даъво дошт, додгоҳ баҳо диҳад, оё ин мақомот ҳақ доштанд, ки бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик Медиа"-ро шомили рӯйхати афроде созанд, ки ба пулшӯӣ машғул ҳастанд. Дар ин бора вакили мудофеъ Нурбек Сидиқов хабар дод.

Сидиқов ҳамчунин гуфт, ки қарори додгоҳ ғайриқонунӣ аст, зеро парванда моҳиятан баррасӣ нашудааст.

"Азаттик Медиа" ба далели баста будани суратҳисобҳои бонкиаш натавонистааст, аз 27 октябр то 28 декабри соли 2022 маблағҳои худро истифода барад.

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи шаҳрии Бишкек 7-уми март дархости "Азаттик Медиа"-ро дар бораи ғайриқонунӣ донистани қарори бастани сомонаи радио қонеъ накард.

Ба гуфтаи хабарнигорони "Азаттик", намояндагони Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон дар додгоҳ гуфтанд, ки дар гузориши телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар бораи низои марзӣ "ба фарзияи ҷониби Тоҷикистон бартарӣ дода шудааст".

Вакилони дифои "Азаттик" мегӯянд, намояндагони вазорат ин бор низ далелеро ироа накарданд, ки қонуншиканӣ дар гузоришро исбот намояд. Вакилон гуфтанд, аз болои ин қарори додгоҳ низ ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд.

Вазорати фарҳанги Қирғзистон рӯзи 26-уми октябри соли гузашта сомонаи "Азаттик"-ро барои ду моҳ баст ва дертар маҳдудиятро дароз кард. Сабаб як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон гуфта шуд.

Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри соли 2022 ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод номид.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG