Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон эълон шуд


Шӯрои уламои Маркази исломӣ оғози моҳи Рамазонро дар Тоҷикистон эълон кард.

Тибқи қарори ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, моҳи Рамазон рӯзи панҷшанбеи 23-юми март фаро мерасад.

Шӯрои уламо дар ҷаласае рӯзи 16-уми март нисоби закотро 32 ҳазор сомонӣ муқаррар кардааст, ки аз ин маблағ 800 сомонӣ закот дода мешавад.

Фитри рӯза 7 сомонӣ муайян шуд.

Шӯрои уламо барои шахсоне, ки узри шаръӣ доранд ва наметавонанд, рӯзи моҳи Рамазонро бигиранд, 420 сомонӣ барои 30 рӯз фидя муайян кард.

Гирифтани рӯза аз рукнҳои панҷгонаи дини Ислом ба шумор меравад. Зиёда аз навад дарсад аз аҳолии Тоҷикистон пайрави ин дин ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG