Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сёмин барои қатли Ҳувайдо 24 сол зиндонӣ шуд. Падараш розӣ нест. ВИДЕО


Додгоҳе дар Русия Александр Сёминро ба гуноҳи таҷовуз ва қатли духтари панҷсолаи тоҷик, Ҳувайдо Тиллозода, ба 24 сол зиндон маҳкум кард. Ҳукм рӯзи 15-уми март эълон шуд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, ки дар сари гӯри ӯ ваъда дода буд, "то гумонбар ҳабси якумрӣ нашавад, ором нахоҳад гирифт", ҳоло бо ҳукм розӣ нест.

Ӯ рӯзи 15-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мехоҳам, аз рӯйи ҳукм шикоят кунам. Вай бояд ба ҳабси якумрӣ маҳкум шавад. Ҳоло 24 сол зиндонӣ карданд. Аз ин чаҳору солу ҳафт моҳаш кам мешавад, чун дар ин муддат дар боздоштгоҳ аст."

Падари Ҳувайдо мегӯяд, бо ҳукм розӣ нест
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:08 0:00
Линки мустақим

Саидов мегӯяд, пайвандони Сёмин дар додгоҳ сухан нагуфтанд, вале вакили мудофеяш ҳукмро сангин донистааст.

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд. Рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ ёфтанд.

Қатли ӯ аз қазияҳои пурсарусадо дар чанд соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи қазияро хост.

Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест, вале баҳси додгоҳӣ тақрибан панҷ сол идома кард. Кашол ёфтани мурофиа чанд бор наздикони Ҳувайдоро ноумед карда буд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Сёмин барои қатли Ҳувайдо 24 сол зиндонӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG