Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, 10 млн рублро гиру хомӯш бош" Падари Ҳувайдо ба Тоҷикистон баргашт


Ҳувайдо Тиллозода

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсола, ки дар шаҳри Серпуховои Русия аввал таҷовуз ва сипас кушта шуд, то мурофиаи навбатии марди муттаҳам дар ин ҳодиса ба Тоҷикистон баргаштааст.

  • Интизор меравад, мурофиаи Александр Сёмин рӯзи 22-юми декабри имсол идома кунад.
Онҳо даъво доранд, ки гӯиё ба онҳо таҳдид карда бошам. Дар ҳоле ки чунин нест ва ман фақат муҷозоти муттаҳамро мехоҳам.

Саидов рӯзи 8-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ният дошт, то замони баргузории мурофиа дар Русия истода ва дар бораи гумонбар дар қатли духтараш далел ҷамъ биоварад ва ба вакилони мудофеъ кумак кунад. Аммо баъзе аз наздикони нафари муттаҳам ба ӯ фишор овардаанд, ки дар ивази пул аз даъвояш даст кашад.

Абдусалом Саидов моҳи августи имсол, пас аз як моҳи гурӯчӯби духтараш ба Русия рафта буд.

"Аввал 6 ва баъдан 10 миллион рубл пешниҳод карданд"

Александр Сёмин
Александр Сёмин

“Хонаводаи Александр Сёмин ба назди ҳамсояҳо омада, аввал шаш миллион рубли русӣ пешниҳод кардаанд, то гуноҳи ӯро бибахшам. Вақте ҷавоби рад гирифтанд, бори дувум 10 миллион рубл пешниҳод карданд. Онҳо маро ором нагузоштанд”, - гуфт ӯ.

Падари Ҳувайдо мегӯяд, вақте наздикони Александр Сёмин чанд дафъа посухи рад гирифтанд, ҳатто аз рӯи ӯ ба мақомот шикоят кардаанд.

Ӯ гуфт, “онҳо даъво доранд, ки гӯиё ман ба онҳо таҳдид карда бошам. Дар ҳоле ки чунин нест ва ман фақат муҷозоти муттаҳамро мехоҳам. Ин даъвои онҳо метавонист бар зарари мо тамом шавад. Вакили мудофеъ машварат дод, ки то оғози мурофиа бояд дар Тоҷикистон биистам.”

"Ин баҳси иқтисодӣ нест, масъалаи номус аст"

Абдусалом Саидов мегӯяд, ин қазияи иқтисодӣ нест, ки бо гирифтани чанд миллион рубл даҳонашро бибандад ва ба ҳодиса чашм бипӯшад. Ӯ гуфт, ин қазияи номус аст ва наметавонад онро ба даҳ миллион бифурӯшад.

“Бояд Александр Сёмин ҷазояшро гирад. Ва ман муваззафам, ки ин хабарро дар сари қабри духтарам бигӯям, то рӯҳаш ором гардад. Бояд бигӯям, ки қотили ӯ ҷазои муносиб гирифт”, - гуфт ӯ.

Абдусалом Саидзода
Абдусалом Саидзода

Додгоҳи шаҳри Серпуховои Русия рӯзи 22-юми октябри имсол мӯҳлати ҳабси Александр Сёмин, гумонбар дар қатли Ҳувайдо Тиллозодаро барои ду моҳи дигар дароз кард. Вакилони мудофеъ ва наздикони ӯ иддао доштанд, ки вазъи рӯҳияш хуб нест ва бояд барои табобат ба бемористон бурда шавад. Вале додгоҳ қарор кардааст, ӯ дар ҳабс бимонад.

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июл дар шаҳри Серпухово аввал таҷовуз ва баъдан кушта шуд. Ҷасади ӯро каме дуртар аз маҳалли зисташон дар як борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Тоҷикистон муҷозоти Сёминро талаб кардааст

Қазияи марги Ҳувайдо Тиллозода ба вокунишҳои тунд дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳам дар Русия рӯ ба рӯ шуд. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия ҳам гуфта буд, дар мавриди ҷазо гирифтани қотили тифли 5-солаи тоҷик Ҳувайдо дар Серпухово шакке нест.

Мақомоти Тоҷикистон низ дар робита ба ин ҳодиса шадидан нигаронӣ карданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба унвонии Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт фиристода ва хоста буд, “тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG