Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Ҳувайдо: "Аз ҳукми додгоҳ розӣ нестам, моро фиреб медиҳанд"


Ҳувайдо Тиллозода.
Ҳувайдо Тиллозода.

Як маъмури милиса дар Русия барои хунукназарие, ки ба марги Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи тоҷик сабаб шуд, ҷазо гирифт. Тарафи даъвогар аз ҳукм розӣ нест.

  • Бар асоси қарори Додгоҳи шаҳри Серпуховои Русия, Георгий Кузнетсов ба даҳ моҳ корҳои ислоҳӣ водор шуд. Падари Ҳувайдо Тиллозода аз ҳукм розӣ нест аст ва мегӯяд, мақомоти тафтишотии шаҳри Серпухово ӯро "фиреб додаанд".
Чӣ хел аломати ҷиноят нест? Агар нозири минтақавӣ дар вақташ парванда боз карда, Сёминро ба ҳабс мегирифт, Ҳувайдо ба қатл намерасид

"Хунукназарие, ки бо марги Ҳувайдо анҷомид"

Ҳукми Георгий Кузнетсов, нозири пешини минтақавӣ дар шаҳри Серпуховои Русия рӯзи 24-уми апрел содир шуд. Ӯ ҳамчунин ду сол ҳақ надорад дар мақомоти давлатӣ кор кунад.

Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, Георгий Кузнетсов 6-уми июни соли 2017 ба шикояти як сокини шаҳри Серпухов нисбат ба Александр Сёмин хунукназарӣ кардааст. Ин зан шикоят кардааст, ки Сёмин нисбат ба духтари ӯ ҳаракатҳои шаҳвонӣ кардааст. Инчунин ба гуфтаи мақомоти рус, ин нозири минтақавӣ аз таҳқиқи ҷиноиии амалҳои Сёмин худдорӣ кард ва оқибат кор бо қатли ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода анҷомид. Кузнетсов ин иттиҳомотро рад мекунад.

Қазияи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз даҳ моҳ ба ин тараф идома дорад. Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва ҷасади ӯро рӯзи дигар дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

Падари Ҳувайдо: "Моро фиреб медиҳанд"

Абдусалом Саидов
Абдусалом Саидов

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода мегӯяд, аз қарори Додгоҳи шаҳри Серпухово нисбат ба нозири минтақавӣ розӣ нест. Саидов рӯзи 25-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар оғоз ҳамаи кормандони милисае, ки дар парванда иштирок доштанд, айбро ба гардани Кузнетсов партофтанд, вале дар ниҳоят бо ҷазои сабук ӯро раҳо карданд.

Ба гуфтаи падари Ҳувайдо, "ҳамааш дурӯғ аст, фиреб мекунанд. Дар аввал айбдор бароварданд, дар охири омада гуфтанд, ӯ як сол пеш аз ҳодиса аз кор озод шуда буд ва дар ин кор иштирок надошт. Шоҳидон исбот карданд, ки ин нозири минтақавӣ чӣ хел хунукназарӣ кард, аммо дар охир чаро сафед мекунанд?"

Абдусалом Саидов мегӯяд, ба ҷуз аз ҳукми нозири минтақавӣ, ӯ аз раванди тафтишоти қазияи марги духтараш пурра норозӣ аст. Чун ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мақомоти Русия таҳқиқи Александр Сёмин, муттаҳами аслӣ дар таҷовуз ва қатли ваҳшиёнаи Ҳувайдои 5-соларо низ кашол медиҳанд. Падари Ҳувайдо мегӯяд, ӯ ва вакили дифоашро ҳатто бо парванда ошно намекунанд.

Александр Сёмин
Александр Сёмин

Абдусалом Саидов мегӯяд, аз болои қарори додгоҳи шаҳри Серпухово шикоят мебарад ва аз мақомоти тоҷик низ мехоҳад дар роҳи дарёфти адолат ба ӯ кумак кунанд.

Вакили дифои падари Ҳувайдо ҳам қарори Додгоҳи шаҳри Серпухово ноодилона меҳисобад ва мегӯяд, аз болои он шикоят хоҳад бурд.

Дагир Хасавов, вакили мудофеи Абдусалом Саидов, баъд аз эълони ҳукми нозири минтақавӣ ба расонаҳо гуфт, аз додгоҳ ҳукми одилонаро интизор буд, вале чунин ҳукм содир нашуд. Ба гуфтаи Хасавов, беш аз ҳама аз он норозӣ аст, ки додгоҳ қисми дуюми моддаи 293-ро аз парвандаи нозири минтақавӣ ба хотири гӯё нишонаи ҷиноят набудан хориҷ кард. Кодекси ҷиноии Русия барои ин амал то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дагир Хасавов
Дагир Хасавов

“Чӣ хел нишонаи ҷиноят нест? Агар дар вақташ нозири минтақавӣ парванда боз карда, ӯ (Сёмин)-ро ба ҳабс мегирифт, духтари ин нафар ба қатл намерасид,” - гуфт Дагир Хасавов.

Мақомоти тафтишотии Русия дар робита ба норозии Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо аз раванди тафтиши қатли духтараш то ҳол изҳори назар накардаанд. Мақомоти тафтишотии шаҳри Серпухов танҳо дар як иттилоияи расмӣ гуфтанд, нисбати Александр Сёмин, муттаҳами аслӣ дар қатли Ҳувайдои 5-сола бо 4 моддаи Кодекси ҷиноии Русия, аз ҷумла куштору таҷовузи кӯдак, озори ҷинсии ноболиғ ва амалҳои бадахлоқона парвандаи боз шуда, тафтишоти он идома дорад. Ба гуфтаи мақомоти рус, дар ҳоли ҳозир Сёмин дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ қарор дорад.

Қазияи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз пурсарусадотарин қазияҳо дар соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон низ бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро хост. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест.

XS
SM
MD
LG