Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ахбори ҷамъбастӣ. Даҳ видеои пурбинандаи Озодӣ дар Ютуб


Соле, ки баъди ҳамагӣ ду рӯзи дигар моли таърих хоҳад шуд, нишебу фарозҳои зиёд дошт, вале дар маҷмӯъ барои кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ пурбор буд. Маҳз дар ҳамин сол теъдоди корбарони “ozodivideo” – саҳифаи Радиои Озодӣ дар Ютуб – аз марзи ним миллион гузашт ва ҳоло беш аз 530 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

  • Баъзе аз барномаҳои моро танҳо дар як шабонарӯз то 200 ҳазор нафар тамошо карда, писандидаанд ва назару пешниҳодҳои худро дареғ надоштаанд.

Дар ин нашри Ахбори Озодӣ тасмим гирифтем, ки даҳгонаи гузоришҳои сербинандаи Радиои Озодиро дар соли 2018 дар Ютуб гирдоварӣ кунем:

10 ВИДЕОИ ПУРБИНАНДАРО ДАР ИНҶО ТАМОШО КУНЕД:

Ахбори Радиои Озодӣ: Ҷамъбасти соли 2018
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:45 0:00

Дар ҷои 10-ум

Тағйирот дар ҳаёти занони ҷӯгӣ дар Тоҷикистон ва ё чи гуна насли нави ин қавм зидди идомаи касби авлодии худанд ва мехоҳанд борхатлаи талбандагияшонро канор гузоранд. Онҳо орзу доранд аз миёни занони ҷӯгӣ низ додситону муаллим ва духтурҳои номдор бароянд ва зиндагиашон ранги дигар бигирад. Зиндагии имрӯзи ҷӯгиҳои тоҷик, ки дар гузориши Зарангези Наврӯзшоҳ ва Шаҳлои Абдулло инъикос ёфта буд, беш аз 480 ҳазор бинанда дорад.

Дар ҷои 9-ум

Гармӣ дар муносибати Тоҷикистону Узбекистон ва шурӯи бемамонияти равуои сокинони ҳарду кишвар яке аз рухдодҳои муҳими соли 2018 буд. Аз ин ҷост, ки омадани овозонҳои узбек дар моҳи март ба Душанбе ва мисли он пазироии президенти Тоҷикистон дар шаҳри Тошкандро тақрибан ним миллионнафарӣ дар канали Радиои Озодӣ дар Ютуб тамошо намуданд.

Дар ҷои 8-ум

Соли 2017 овозхони тоҷик Нигина Амонқулова кампайдо буд. Бо сабабаҳои оилавӣ. Ва ҳаводоронаш мехостанд донанд, ки дар ҳаёти пасисаҳнавии ӯ чӣ мегузарад ва оё дар соли 2018 бо кадом чеҳра ба наздашон бармегардад. Шояд ҳамин кунҷкобӣ буд, ки гузориши ҳамкорони мо Зарангези Наврӯзшоҳ ва Амриддин Олимов дар бораи ин овозхон дар якуми январи имсол диққати 564 ҳазор нафарро ҷалб намуд.

Дар ҷои 7-ум

Дар моҳи феврали соли 2018 худкушии келини 21-сола дар ноҳияи Сангвор хабари таккондиҳанда буд. Ҷасади Фаризаи Хӯҷаназарро, ки ҳомила буд, дар манзили зисташ овезон ёфтанд. Тафтиши фоҷеа то охири моҳи июн идома кард ва хушдомани ҷавонзан барои ба худкушӣ расонидани арӯс ба панҷуним соли зиндон маҳкум шуд. Навори аксу садо роҷеъ ба ин ҳодисаро дар канали мо дар Ютуб ҳудуди 631 ҳазор нафар тамошо намудаанд.

Дар ҷои 6-ум

Дар мақоми шашум навори суҳбат бо ҳамкори мо аз бахши узбекии Радиои Озодӣ Сироҷиддини Ислом қарор гирифтааст, ки дар бораи моҷарои ҷарроҳии шармгоҳи зане дар Узбекистон қисса мекунад. Ин зан нахуст аз сӯи шавҳараш таҳқир шудаву баъдан духтурон низ ӯро ба масхара кашидаанд. Навор 635 ҳазор бинанада пайдо кард.

Дар ҷои 5-ум

Талоши пайдо намудани кор боиси он шуд, ки як зани тоҷик ба доми қочоқбарон биафтад. Ӯ бо мақсади ёфтани ба истилоҳ ризқу рӯзӣ роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт, бехабар аз он ки миёнравҳо нисбат ба ӯ нақшаҳои дигар кашидаанд. Чӣ гуна аз зани тоҷик дар Дубай ғуломи ҷинсӣ сохтанд, бо ин навори иборат аз аксу садо дар тӯли ним сол 713 ҳазор корбари мо ошно шуд.

Дар ҷои 4-ум

Соли 2018 барои бархе аз хонаводаҳо соли ғаму андуҳ буд. Баъзе аз ин фоҷеҳо аз мотами як хонавода фаротар рафт ва ба дарди сокинони кишвар табдил ёфт. Яке аз ин ҳодисаҳои гӯшношунид қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола дар Русия аст. Видеои интиқоли тобути ӯро аз Русия ба Душанбе 1 миллиону 210 ҳазор нафар дидааст.

Дар ҷои 3-юм

Маросими дафни Ҳувайдо Тиллозода дар шаҳри Кӯлоб низ аз гузоришҳои сербинандаи “озодивидео” дар соли равон буд. Ин гузоришро, ки Маҳмудҷони Раҳматзода навор бардоштааст, беш аз 1 миллиону 300 ҳазор нафар тамошо кардааст.

Дар ҷои 2-юм

Туҳмати нодухтарӣ ва талоши барқарор кардани обрӯи аз дастрафта. Тақдири Мастонаи 21-сола корбарони “озодивидео”-ро бетараф нагузошт. Ҳатто онҳое низ пайдо шуданд, ки бо Радиои Озодӣ тамос гирифтаву хостанд, бо ин духтари аламдида оила бунёд кунанд. Саргузашти Мастонаро, ки моҳи октябри имсол бо мусоидати ҳамкори мо Сарвинози Руҳулло ва Амриддин Олимов нашр шуд, 1 миллиону 328 ҳазор нафар диданд.

Дар ҷои 1-ум

Ва дар ниҳоят, матлабе, ки таваҷҷуҳи рекордии бинандагонро ба худ кашид ва дар панҷ моҳ 10 миллион бинанда дошт, мавзӯи беҳуқуқии зан дар Узбекистонро намоиш медиҳад. Ин суҳбат бо ҳамкори мо аз бахши узбекии Радиои Озодӣ Сироҷиддин Ислом аст. Дар бораи онки чи гуна маъмурони милиса дар шаҳри Самарқанд бо иттиҳоми дуздӣ занеро дастгир карда ва ӯро маҷбур намудаанд, ки ба тамом бараҳна шавад.

XS
SM
MD
LG