Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми гумонзад ба қатли Ҳувайдо Тиллозодаро эълон мекунанд?


Александр Сёмин
Александр Сёмин

Баррасии парвандаи Александр Сёмин, шахси муттаҳам ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷсолаи тоҷик, ба нуқтаи ниҳоии худ наздик шудааст.

Интизор меравад, ҳукми ӯро 15-уми март дар Додгоҳи вилояти Маскав эълон кунанд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, 14-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, аз онҳо даъват шудааст, ки соати 11-и рӯзи чаҳоршанбе дар додгоҳ ҳозир шаванд.

Саидов умед дорад, "баъд аз 5 соли мубориза", гумонбар ба қатли духтараш “ҷазои сазовор хоҳад гирифт”.

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан ёфтанд.

Қатли ӯ аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар чанд соли гузашта буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG