Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳри махфӣ"-и парвандаҳои Озодӣ ва "Кампиробод"-ро ғайриқонунӣ хонданд


Бинои Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон
Бинои Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон

Созмони ҳуқуқии "Адилет" иҷрои меъёрҳои қонунро "Дар бораи ҳифзи сирри давлатӣ" дар Қирғизистон таҳлил кардааст.

Ҳуқуқшиносони созмон мегӯянд, меъёрҳои ҳуқуқии байнулмилалӣ ва қонунгузории миллии Қирғизистон на танҳо ҳуқуқи дастрасӣ ба адолати додгоҳӣ, балки муҳокимаи ошкороро низ кафолат медиҳанд.

Онҳо ҳамчунин тағйирот ба қонунро "Дар бораи ҳифзи сирри давлатии Қирғизистон" низ, ки 16-уми феврали имсол ворид карда шудааст, мавриди омӯзиш қарор додаанд. Тибқи ин тағйирот ҳам, вакилони дифоъ ҳаққи дастрасӣ ба ҳамаи маводи парванда, аз ҷумла махфиро низ доранд.

Аммо ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, дар Қирғизистон ҳанӯз ҳам дархости вакилони дифоъ барои дастрасӣ ба маводи парвандаҳои махфӣ рад карда мешавад. Онҳо ҳамчун намуна парвандаҳои марбут ба обанбори Кампиробод ва бахши қирғизии Радиои Озодиро зикр кардаанд.

Ҳуқуқшиносони созмон гуфтаанд, мақомоти Қирғизистон ба парвандаҳои мазкур ғайриқонунӣ "муҳри махфӣ" задаанд.

Рӯзи 22-юми октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23-юми октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Мақомоти Қирғизистон онҳоро дар "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо" гумонбар карда, ба парванда муҳри махфӣ заданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG