Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зидди Русия барои ҳамла ба Украина парванда боз мекунанд


Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар Гаага дар робита ба таҷовузи Русия ба Украина бо иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ду парванда боз карда, ба ҳабси чандин нафаре низ дастур хоҳад дод, ки эҳтимол меравад дар ҷиноятҳо даст доранд.

Дар ин бора "Reuters" ва "The New York Times" рӯзи душанбе бо такя ба мақомҳои додгоҳ, ки номашон зикр намешавад, хабар доданд. Хабари кушодани парвандаҳо то ҳол расман нашр ё тасдиқ нашудааст.

Ба иттилои "The New York Times", иттиҳомҳо бар асоси 2 банд - тахриби ҳадафмандонаи зербиноҳои ғайринизомии Украина ва интиқоли кудакон аз ин кишвар ба Русия, ки Киев онро хушунат ва дорои нишонаҳои қатли ом номид, эълом мешаванд.

Додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар Гаага Карим Хон ахиран барои омӯзиши ҳадафи мушакҳои Русия ва ҳамлаи бесарнишинҳо ба иншооти зербиноиву энержии Украина ба ин кишвар сафар кард.

Русия зарбаҳои худро қонунӣ шумурда, мегӯяд, ба хотири "заиф сохтани душман" анҷом шуданд. Аммо Украина онҳоро воситаи тарс додани сокинони осоишта меномад.

Қаблан Литва аз додгоҳи мазкур даъват карда буд, ки ҷиноятҳои эҳтимолии ҳарбии Русия ва Беларусро дар Украина тафтиш кунад. Сарвазири Литва Ингрида Шимоните гуфт: "Ончи Путин анҷом медиҳад, ҷуз куштор чизи дигаре нест. Умед дорам, ӯро дар Гаага хоҳем дид."

Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский ҳам гуфта буд, кишвараш алайҳи Русия ба Додгоҳи байнулмилалӣ даъво бурдааст.

Русия рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард. Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовуз ба хоки Украина медонанд, аммо Маскав “амалиёти вижа” барои ғайринизомӣ кардани Украина.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG