Сокини вилояти Хоразми Узбекистон Ф. Х., ки дар яке аз зиндонҳои Русия адои ҷазо мекард, дар ҷанги Украина кушта шудааст.
Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон иттилоъ дод, ки зодаи 43-солаи Хоразм 30-юми январи имсол аз маҳбаси Русия ба ҷанги Русия ҷалб ва дар онҷо кушта шудааст. Гуфта нашудааст, ки ин узбекистонӣ барои чи зиндонӣ шуда буд.
Манбаъ ҳамчунин афзудааст, ки қонунгузории Узбекистон барои зархаридӣ ё иштирок дар ҷанги кишварҳои бегона ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ кардааст. Ин бори нахуст аст, ки мақомоти Узбекистон кушта шудани шаҳрвандони худ дар ҷанги Украинаро расман тасдиқ мекунанд.
Ҷасади ду шаҳрванди дигари Узбекистонро, ки дар ҷанги Украина кушта шуда буданд, моҳи гузашта ба вилояти Самарқанд интиқол доданд. Ҳамчунин шахсияти се узбекистонии дигар низ муайян гаштааст, ки дар ҷанги Украина кушта ва дар Русия дафн карда шудаанд.
Ҳамаи ин узбекистониҳо, ки барои кор ба Русия рафта буданд, аз маҳбасҳои он кишвар ба ҷанги Украина ҷалб шудаанд.
Гуфтугӯ