Дар Қазоқистон мехоҳанд, ҷазоро барои "даъват ба бетартибиҳои оммавӣ" сахттар кунанд. Дар ин бора расонаҳои Қазоқистон рӯзи 9-уми март бо такя ба вазири корҳои дохилии он кишвар Марат Аҳмадҷонов иттилоъ додаанд.
Дар Сенат ё қабати болоии порлумони Қазоқистон тарҳи қонунеро баррасӣ доранд, ки ба Кодексҳои ҷиноиву маъмурӣ ва дигар қонунгузории он кишвар тағйиру иловаҳоро дар назар дорад.
Ба иттилои вазир, сенат тарҳи қонунро пазируфтааст.
"Бино ба тағйирот, барои даъват ба бетартибӣ ҷазо дар намуди ҳабс аз 3 то 5 сол пешбинӣ гардидааст. Агар ин даъват тавассути шабакаҳо сурат гирад, ҷазо дар намуди зиндон аз 3 то 7 сол пешбинӣ шудааст", - гуфт вазир Марат Аҳмадҷонов.
Бино ба қонунҳои амалкунандаи Қазоқистон, ҷазо барои ин навъи ҷиноят то 3 сол зиндон ва ё маҳдудсозии озодӣ барои ҳамин муҳлат таъйин мешавад.
Гуфтугӯ