Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳпаймоии занон дар Алмато ва Бишкек


Роҳпаймоии занон дар Бишкек. 8 март, 2023.
Роҳпаймоии занон дар Бишкек. 8 март, 2023.

Дар Рӯзи ҷаҳонии занон, 8 март, дар шаҳри Алматои Қазоқистон барои ҳуқуқи занон роҳпаймоӣ баргузор шуд. Дар ин роҳпаймоӣ ҳудуди ҳазор кас иштирок кард.

Иштирокдорон бо намоиш додани шиорҳо талаби қабули қонунеро карданд, ки занонро ҳимоят кунад, теъдоди ҳузури занонро дар сиёсат афзоиш диҳад, ҷазо барои хушунатро бештар созад.

"Масъалаи хушунати хонаводагӣ дар Қазоқистон ҳамоно доғ аст, ман инҷо маҳз ба хотири ҳамин мушкил омадаам. Ҳамасола дар кишвар то 400 зан кушта мешавад. Ман мехоҳам, ки ба ин масъала ҳукумат таваҷҷуҳ кунад. Ҳадди ақал қонун қабул кунанд", - гуфт Аружан Олтинбек, яке аз иштирокдорон.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон низ рӯзи 8 март бахшида ба ҳамраъйӣ зидди хушунату табъизи ҷинсӣ роҳпаймоӣ баргузор шуд. Дар ин роҳпаймоӣ ҳудуди 500 кас иштирок кардааст. Онҳо аз мақомот талаби ҳалли хушунати хонаводагӣ ва таъмини баробарии ҷинсиро кардаанд.

Иштирокдорон дар даст шиорҳои "Пулис бояд ислоҳ шавад", "Нест бод хушунат", "Мардсолорӣ бояд манъ шавад", "Духтари озод - Қирғизистони озод"-ро доштанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG