Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 кушта ва беш аз 100 захмӣ дар таркиши Бангладеш


Бангладеш. Акс аз бойгонӣ.
Бангладеш. Акс аз бойгонӣ.

Ҳангоми таркиш дар биное дар як минтақаи тиҷорӣ дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, 17 кас ҷон бохта, даҳҳо нафар дигар захмӣ шуданд.

Таркиш пас аз чошти рӯзи 7-уми март дар ошёнаи чаҳоруми як бинои ҳафттабақа рух дод.

Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Бангладеш ба расонаҳо гуфтааст, дар натиҷаи ин ҳодиса 17 кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи пулис, сабаби таркиш то ҳанӯз маълум нест ва таҳқиқот идома дорад.

Сухтор ва таркишҳои маргбор дар сохтмонҳо дар Бангладеш як амри роиҷ аст, зеро аксар меъёрҳои эминӣ дар назар гирифта намешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG