Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо муҳоҷирро аз Осиёи Марказӣ дар Русия фиреб додаанд


Дар Русия садҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ аз дасти қаллобони телефонӣ фиреб хӯрдаанд. Қаллобон ба номи муҳоҷирон қарзҳои калони бонкӣ гирифтаанд.

Бо муҳоҷирони фиребхӯрда тарҳи рӯзноманигории "Мигрант Медиа" суҳбат кард. "100 ҳазор рубл буд, ҳоло ҳамроҳ бо фоизҳои қарз ба 249 ҳазор расидааст", - гуфт яке аз фиребхӯрдагон.

Муҳоҷирони фиребхӯрдаро як ширкати мобилӣ мутаҳҳид месозад. Барномаи "Золотая корона"-ро онҳо барои ирсоли маблағ ба хешовандонашон истифода мебурданд. Баъди гуфтугӯ бо қаллобони телефонӣ муҳоҷирон соҳиби қарзҳои бегона шудаанд.

"Баъди он ки ман ба онҳо рамзро ирсол кардам, онҳо аз ман хостанд, то чанд муддат ба барномаи "Золотая корона" ворид нашавам. Дертар ман дидам, ки аз корти ман 30 ҳазор рублро гирифта, 50 ҳазор қарздор кардаанд", - гуфт Бакит, муҳоҷири дигари фиребхӯрда.

Чунин фиребхӯрдаҳо садҳо нафаранд. Қаллобон ба номи як кас 10 ҳазор, ба номи каси дигар 200 ҳазор рубл қарз гирифтаанд.

Пулиси шаҳри Москва аз рӯи ин ҳодиса парванда боз карда, таҳқиқ идома дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG