Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролудшавии мармузи духтарон дар мактабҳои Эрон. ВИДЕО


Заҳролудшавии духтарон дар мактабҳои Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, изҳори омодагӣ кард, ки ба таҳқиқи заҳролудшавии пурасрори шогирдони мактабҳои духтарона ба Эрон мадад мекунад.

Аз моҳи ноябри соли 2022 ба ин сӯ дар чор шаҳри Эрон беш аз 30 мактаби духтарона аз мавридҳои заҳролудшавӣ, дилбеҳузурӣ ва бистарӣ шудани духтарон шикоят карданд.

Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи 2-юми март гуфтанд, ки қазияҳоро таҳқиқ хоҳанд кард.

"Аввал бӯйи газро дар синф ҳис кардем, баъд яке аз талабаҳо гуфт, дилаш беҳузур мешаваду сараш чарх мезанад," – нақл кард як духтар.

Баҳром Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошти Эрон, гуфт, барои таҳқиқи ҳодисаҳо як кумитаи махсуси иборат аз заҳршиносон таъсис шудааст.

Ин ҳодисаҳо бисёре аз волидонро маҷбур кардааст, ки духтаронро аз мактаб гиранд.

Баъзе аз сиёсатмдорон дар Эрон ишора карданд, ки шояд ин кори дасти гурӯҳҳои тундравест, ки ба зидди таҳсили духтаронанд. То ҳол ҳеч гурӯҳ ё созмоне масъулияти воқеаҳоро ба уҳда нагирифтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG