Намояндаи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо се рӯзноманигори зиндонӣ мулоқот кардааст.
Зилола Икромова, як масъули идораи Омбудсмен, ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, дидори онҳо бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ рӯзи 17-уми феврал дар зиндони “Якум советский” доир шуд.
Ӯ афзудааст, "саломатии се рӯзноманигор хуб буд. Кам-кам месулфиданд ва зуком ё шамолкашӣ доранд.”
Мустақилона тасдиқ кардани ҳарфҳои мақомот мушкил аст.
Дар моҳи декабри соли гузашта бародари рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ дар Фейсбук навишт, “саломатиии бародараш хуб нест”.
Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар моҳи декабри соли гузашта баъди вохӯрӣ бо Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфта буд, ин ду рӯзноманигор бахусус Далери Имомалӣ бояд аз ташхиси сил гузаранд.
Намояндаи Ваколатдор, ки ду ҳафта пеш бо рӯзноманигорон дидор доштааст, эҳтимоли гирифтори бемории сил шудани онҳоро рад кардааст.
Пайвандони баъзе аз рӯзноманигорони зиндонӣ ҳам тасдиқ мекунанд, ки дар моҳи феврал бо онҳо дар зиндон вохӯрии кутоҳмуддат доштанд.
Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ дар тобистони соли гузашта боздошт шуданд. Додгоҳ онҳоро бо чанд иттиҳом бахусус узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор дониста аз 7 то 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Худи онҳо ва наздиконашон айбномаро рад карда гуфтанд, бегуноҳ ҳастанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон низ боздошти рӯзноманигоронро танқид карда, аз мақомот озодии онҳоро талаб карданд.
Гуфтугӯ