Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои Ғарб ба "Байтерек" таъсир нарасондаанд


Муовини вазири рушди рақамӣ, навоварӣ ва саноати кайҳонии Қазоқистон Малик Олжабеков гуфт, таҳримҳое, ки Ғарб ба зидди Маскав эълон кардааст, ба ширкати муштараки ин кишвар бо Русия - "Байтерек" таҳдид намекунанд.

Олжабеков дар суҳбат бо хабаргузории "Informburo.kz" изҳор доштааст, ки Маркази давлатии таҳқиқотӣ-илмии кайҳонии ба номи Хруничеви Русия ҳамагӣ 2 дарсади саҳмияҳои одии ширкати муштаракро дар ихтиёр дорад ва 98 дарсади саҳмияҳои боқӣ ба Кумитаи амволи давлатӣ ва хусусигардонии Вазорати молияи Қазоқистон тааллуқ дорад.

Бинобар бар ин, ба гуфтаи ӯ, таҳримҳои Ғарб ба зидди Русия ба ширкати мазкур таъсир нахоҳанд расонд.

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ низ ду рӯз пеш дар мулоқот бо ҳамтои амрикоии худ Энтони Блинкен дар Остона гуфта буд, то ҳол ягон ширкат ё ниҳоди қазоқистонӣ зери таҳрим қарор нагирифтааст.

Маркази давлатии таҳқиқотӣ-илмии кайҳонии ба номи Хруничев аз ҷумлаи корхонаҳои Русия аст, ки аз тарафи Ғарб таҳрим шудаанд.

Он яке аз корхонаҳои пешсафи Русия дар самти истеҳсол ва озмоиши мушакҳо буда, ширкати давлатии давлатии "Роскосмос", ки узви марказ аст, тасвирҳои моҳвораии Украинаро ба Вазорати мудофиаи Русия пешниҳод мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG