Пайвандҳои дастрасӣ

"Озодӣ садақаи президент нест". Бастан ё набастани расонаҳо дар Узбекистон


Вохӯрии Шавкат Мирзиёев бо хабарнигорон ва блогерон. Шаҳри Самарқанд, соли 2019
Вохӯрии Шавкат Мирзиёев бо хабарнигорон ва блогерон. Шаҳри Самарқанд, соли 2019

Изҳороти ахири президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи онки "бисёриҳо ба вай пешниҳоди бастани расонаҳоро мекунанд, аммо ин корро намекунад", дар миёни корбарони узбекистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.

Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мунтақидон дар изҳороти президенти Узбекистон аз рӯзи 24-уми феврал мухолифатро бо Конститутсия диданд.

Мирзиёев дар он суханронӣ гуфта буд, сарфи назар аз пешниҳодҳо расонаҳоро намебандад. Вай илова кард, ки бояд бо расонаҳо "дӯстӣ" кард. Мирзиёев ҳамчунин эътироф кард, ки "ҳамарӯза интернетро мурур ва барои худ нуктаҳои заруриро сабт мекунад".

Баъзе аз фаъолон ин изҳороти президенти Узбекистонро зери суол бурданд, зеро ин изҳорот дар ҳолест, ки дар Узбекистон рӯзноманигорон ва блогеронро бо ҳар баҳонае зиндонӣ мекунанд.

Дар як моҳи охир дар Узбекистон наздик ба 10 рӯзноманигор ва блогер боздошт шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG