Дар ихтиёри Бонки миллии Қирғизистон 46,7 тонна тило мавҷуд аст. Дар ин бора рӯзи 28-уми феврал намояндаи расмии Бонки миллии Қирғизистон Аида Карабоева хабар дод.
Вай гуфт, ин миқдор тило соли 2021 дар Қирғизистон истихроҷ ва аз сӯи Бонки миллӣ харида шудааст.
Ба гуфтаи Карабоева, 16 тонна тилои Бонки миллӣ дар захираи тилову арзи байналхалқӣ ба 87,3 миллиард сом баробар аст. Ба илова, захираи тилои Қирғизистон ба 138,5 миллиард сом баробар будааст.
Пештар аз ин раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов гуфта буд, ки дар ду соли охир аз кони тилои "Қумтор" 45 тонна тило ва 8 тонна нуқра истихроҷ шудаву дар Бонки миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Гуфтугӯ