Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кӯча дар Лондон бо ранги парчами Украина наққошӣ шуд


Фаъолони созмони бритониёии Led By Donkeys рӯзи 23-юми феврал кӯчаи наздики бахши консулии сафорати Русияро дар Лондон ба ранги парчами Украина дароварданд.

Ташаббускорони ин иқдом гуфтанд, ба ин шева онҳо дар солгарди ҳамлаи Русия ҳамраъйии худро бо Украина ба намоиш гузоштанд. Ҳангоми ранг кардани кӯча фаъолон мошинҳо ва дучархасаворонро нигаҳ дошта, огоҳ карданд, ки бояд оҳиста биронанд.

Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия ин иқдоми фаъолонро "рафтори беҳунаронаи ақлбохтагон" номид. "Хоби ваҳмноки Бандера: дипломатҳои Русия дар Лондон парчами миллии Украинаро поймол мекунанд, ки онро пайравони Бандера густурдаанд", - навишт вай дар саҳифаи телеграм.

Гуруҳи Led By Donkeys соли 2018 таъсис шудааст. Ин гуруҳ мухолифони Брекзит ва мунтақидони Ҳизби муҳофизакори Бритониёро муттаҳҳид мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG