Ду сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро барои ибодати дастҷамъонаи пайравони исмоилия дар хонаашон ҷарима бастаанд.
Сомонаи "Forum 18" рӯзи 21-уми феврал навишт, намояндагони ҳукумат моҳи январи имсол дар Хоруғ ба сокинон гуфтаанд, ба ибодати гуруҳӣ дар хонаҳо иҷозат нест. Инчунин, хостаанд, ки акси пешвои исмоилиёни ҷаҳонро аз дару девор бигиранд.
Мақомоти вилояти Бадахшон қазияро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд.
Як пайрави исмоилия аз Бадахшон ба "Forum 18" гуфтааст, "мардум аз шунидани хабар гиря карданд, аммо аз эътироз меҳаросанд." Ин сокини вилоят афзудааст, ҳар кас дар хонааш метавонад, танҳо намоз гузорад, вале на дастҷамъӣ.
Феликс Корли, хабарнигори "Forum 18", мегӯяд, мақомот монеи таҳсили ҷавонон дар Пажӯҳишгоҳи исмоилия дар Бритониё шуда, нусхаҳои китоби "Ахлоқ ва маърифат"-ро низ мусодира кардаанд.
Як намояндаи Вазорати маориф ва илм ба "Forum 18" гуфтааст, дар бораи манъи "Ахлоқ ва маърифат" дар Бадахшон "хабар надоранд". "Ҳеч чизро манъ накардаем," – афзудааст ӯ.
Масъулони ҳукумати Бадахшон баробари муаррифии хабарнигори "Forum 18" гӯширо гузоштаанд. Онҳо дар моҳи феврали соли 2021 дар эъломияе маҳдуд шудани таълими "Ахлоқ ва маърифат"-ро дар вилоят тасдиқ карда буданд.
Пайравони исмоилия, як шохаи мазҳаби шиа, дар Тоҷикистон асосан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд. Ду ҷамоатхона, ки маркази ибодату таҷаммӯи онҳост, дар шаҳри Хоруғ ва Душанбе сабтином шудааст.
Гуфтугӯ