Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ хост, дар бораи бастани ҳисоби "Азаттик" иттилоъ диҳанд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон вазорати корҳои дохилии он кишварро вазифадор кард, ки дар бораи сабабҳои бастани суратҳисобҳои бонкии бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик Медиа" иттилоъ диҳад.

Чунин қарорро рӯзи 21-уми феврал судя Тилек Турдуқулов қабул кард. Муфаттиши давлатӣ Улан Ҷапеков пештар нахост дар бораи парвандае иттилоъ диҳад, ки бар асоси он суратҳисобҳои бонкии "Азаттик Медиа" баста шудаанд. Акнун вакилони мудофеи "Азаттик" иҷоза гирифтанд, ки бо парвандаи мазкур шинос шаванд.

Вазорати фарҳанги Қирғзистон рӯзи 26-уми октябри соли гузашта сомонаи "Азаттик"-ро барои ду моҳ баст ва дертар маҳдудиятро дароз кард. Сабаб як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон гуфта шуд.

Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри соли 2022 ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод номид.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

Рӯзи 17-уми феврал додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек шикояти "Азаттик"-ро дар бораи бастани суратҳисобҳои бонкиаш баррасӣ кард.

Ин муҳокима то рӯзи 21 феврал ба таъхир гузошта шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG