Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия намегӯянд, дар Тоҷикистон “намедонанд”


Мансабдорони Тоҷикистон нагуфтанд ё ба қавли худашон намедонанд, ки то ин дам чӣ қадар аз шаҳрвандони зиндонии кишвар дар Русия ба ҷанг дар Украина бурда ва чӣ қадарашон кушта шудаанд. Омори дақиқи зиндониён низ маълум нест. Ҷониби Русия ҳеч шарҳ намедиҳад.

Баъзе аз маҳбусони тоҷик дар Русия бе зикри номашон гуфтанд, дар талоши “кӯчидан” аз зиндонҳои Русия ба Тоҷикистон ҳастанд. Хабарнигорон ҳафтаи гузашта аз додситони кул пурсиданд, ки оё муроҷиате гирифтанд?

Юсуф Раҳмон рӯзи 17-уми феврал гуфт, “марҳамат, дар бораи гузаронидан ё овардани фарзандону хешу таборон аз маҳбасҳои Русия ба Прокуратура муроҷиат кунанд. Мо баррасӣ мекунем.”

Баъзе аз мансабдорони кишвар дар нишастҳои матбуотии худ шарҳи мавзуъро ба салоҳияти ниҳоди ниҳод вогузор карданд.

Хабарнигорон аз масъулони Вазорати кору муҳоҷират пурсиданд, ки оё мушаххас аст, дар зиндонҳои Русия чӣ қадар шаҳрвандони кишвар ба сар мебаранд? Шуҳрат Аҳмадзода, намояндаи ниҳод дар Русия, гуфт, “чунин маълумотро Вазорати корҳои дохилӣ дорад”.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, “ин хел оморро надорем. Дар салоҳияти мо нест.”

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, ки Идораи зиндонҳои кишвар тобеаш аст, гуфт, “ин ваколати Прокуратура аст, суолро метавонед, ба онҳо диҳед.”

Дар Додситонии кул гуфтанд, омори маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русия маълум нест.

Радиои Озодӣ то кунун дар бораи ба Тоҷикистон расидани тобути тақрибан даҳ тоҷики зиндонӣ дар Русия маълумот гирифт. Пайвандони баъзе кушташудаҳо гуфтанд, онҳоро маҷбурӣ ва ё бо ваъдаи афв аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина бурдаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG