Аз 12 то 18-уми феврал дар шаҳри Фарғонаи Узбекистон мулоқоти гуруҳи кории ҳайатҳои Қирғизистону Узбекистон барои аломатгузории марз баргузор шуд.
Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки ҷонибҳо тарҳи ҳуҷҷатҳоро барои раванди аломатгузорӣ таҳия ва нақшаи корҳои саҳроиро омода кардаанд.
Ҷонибҳо дар поёни мулоқот санад имзо ва мувофиқат кардаанд, ки дидори навбатӣ дар ҳудуди Қирғизистон баргузор шавад.
Моҳи ноябри соли 2022 Қирғизистону Узбекистон гуфтанд, дар баҳси марзӣ нуқта гузоштаанд. Ин баҳс 30 сол давом кард.
Порлумонҳои ду кишвар созишномаро тасдиқ ва президентҳо имзо гузоштанд.
Аз Қирғизистон ба Узбекистон гузаштани обанбори Кампиробод дар Қирғизистон баҳсҳои зиёдеро ба бор овард ва боис ба зиндонӣ шудани чанде аз фаъолон ва сиёсатмадорон гардид.
Гуфтугӯ