Дар Туркия теъдоди қурбониёни заминларзаи рӯзи 6-уми феврал аз 24 500 нафар ҳам гузаштааст. Дар ин бора Фуод Октай, муовини раиси ҷумҳури кишвар хабар дод.
Дар Сурия зилзила бино ба гузоришҳои тоза ҷони бештар аз 4500 нафарро гирифтааст. Бештар аз 80 ҳазор нафари дигар захм бардошта, садҳо ҳазор кас бехона мондаанд. Корҳои наҷот идома доранд ва дар онҳо наҷотбахшон аз 70 кишвар аз ҷумла аз Тоҷикистон ширкат доранд.
То кунун дар бораи наҷоти муъҷизаосои бозмондагони зилзила гузориш мерасад. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал хабар дод, ки наҷотбахшони кишвар як тифли шашмоҳаро ҳамроҳи падараш аз зери вайронаҳо зинда берун овардаанд.
Заминларзаи мудҳиши 7.7 дараҷаӣ шаби 6-уми феврал аввал Туркия ва чанд соат баъд бо неруи 7.6 дараҷаи ҷадвалри Рихтер Сурияро такон дод.
Хонаҳои зиёде дар ҳарду кишвар аз ҷумла ёдгори таърихӣ ва биноҳои қадима осеб диданд ва ё аз байн рафтанд. Дар Туркия барои се моҳ вазъи фавқуллода эълон карданд.
Гуфтугӯ