Дар Тоҷикистон дар муддати дувуним сол 222 мардро барои дузанагӣ ҷазо додаанд.
Бар тибқи омори вазорати адлия, ки Радиои Озодӣ онро рӯзи 12-уми феврал дид, аз соли 2020 то нимаи соли 2022 дар Тоҷикистон муфаттишон 254 парвандаи бисёрзанӣ ва ё полигамияро таҳқиқ кардаанд ва аз ин миён 222 нафар барои издивоҷ бо ду зан ва ё ҳатто бештар аз он ҷазо гирифтаанд.
Бар асоси қонун дар Тоҷикистон бисёрзанӣ манъ аст ва дар моддаи 170-уми Кодекси ҷиноятӣ барои он аз 68000 то 136000 сомонӣ ҷарима ва ё то 5 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст. Дар омори вазорат гуфта нашудааст, ки оё касеро барои бисёрзанӣ зиндонӣ кардаанд, ё не, ё онҳо фақат бо пардохти ҷарима озод шудаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи зан мегӯянд, омори расмӣ воқеиятро нишон намедиҳад ва теъдоди мардоне, ки ду ҳамсар доранд, зиёд аст ва мақомот ба ин зуҳурот чашм мепӯшанд.