Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аво Сузи, ошиқи эстонии Тоҷикистон даргузашт


Аво Сузи
Аво Сузи

Аво Сузи аз Эстония, вале ошиқи Тоҷикистон, дар 81-солагӣ даргузашт.

Пайвандонаш гуфтанд, ӯ шаби 8-уми феврал ҷон дод ва дар оромгоҳи Туҳалонеи наздикии Виляндии Эстония дафн хоҳад шуд.

Аво Сузи дар соли 1978 барои наворгирии як намоиши Телевизиони Эстония ба Тоҷикистон омад ва соли 1979 пурра ба инҷо кӯчид.

Аввал муддате дар як экпедитсияи геодезӣ дар вилояти Бадахшон кор кард. Баъд аз аввалин мақолаҳояш дар бораи Бадахшон ба рӯзномаи "Комсомолетс Таджикистана" даъват шуд ва аз он ҷо ба маҷаллаи "Помир" гузашт.

Ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон, ба монанди Ғарму Ҳойит, Масчо, Бешканду Шаҳритус ва ғайра сафар карда, очерку эссеҳо навиштааст.

Бо як бонуи бадахшӣ издивоҷ кард ва дар солҳои ноороми Тоҷикистон маҷбур шуд, ба ватанаш баргардад.

Бо ҳамсараш мусиқишинос, устоди консерваторияи Тарту Гулҷаҳони Юсуфӣ, писараш Фаррухрӯз, духтараш навозанда Фариштамо ва набераҳояш дар шаҳри Вилянди Эстония мезист.

Китобҳояш "Масчо дар ченакҳои гуногун", "Арӯсии тоҷикӣ" ва "Бартанг" дар охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90 нашр шудаанд. Китоби охиринаш дар бораи нависанда ва филмсози тоҷик Абдурофеъ Рабизода бо номи "Ногаҳонҳои ишқ ва зиндагӣ" соли 2021 дар Маскав ба табъ расид. Аво Сузи ҳамчунин муаллифи китоби достонҳои кутоҳ "Лулаи Эстерҳазӣ" (1990), "Таронҳаои хуш ва хандаовар" (1990), "Одамони диёри болотар аз абр" (1991), "Гулҳо" (1992), романҳои "Сарсабз" (2001), "Афғонистон, огоҳии бузург ё курсии нобиноён" (2002), "Рози оби ҳаёт" (2006) аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG