Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози як мард дар назди сафорати Русия дар Бишкек


Бишкек, назди сафорати Русия
Бишкек, назди сафорати Русия

Мардеро дар назди сафорати Русия дар пойтахти Қирғизистон дастгир кардаанд. Маъмурони пулиси Бишкек гуфтанд, "ӯ мехост, иқдоми эътирозӣ ташкил кунад".

Тибқи иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ин мард дар назди девори сафорат чархи мошинро оташ задааст.

Ӯ гуфтааст, ҳафт бор ба президенти Русия Владимир Путин нома навишт, вале ҷавобе нагирифт: "Ман ҳатто муроҷиати видеоӣ кардам, аммо ҷавоб надоданд."

Дар Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек гуфтанд, мард 61-сола аст. Ӯро дар Боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳ медоранд.

Сафорати Русия қазияро шарҳ надодааст.

Сокинони Қирғизистон соли гузашта, пас аз ҳамлаи Маскав ба Украина, дар назди сафорати Русия дар Бишкек чанд бор иқдоми эътирозӣ карда, ҳамларо маҳкум намуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG