Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Туркия 50 маъмури наҷот фиристод


Амалиёти наҷот дар Туркия
Амалиёти наҷот дар Туркия

Тоҷикистон барои кумак ба рафъи пайомадҳои зилзилаи маргбор 50 маъмури наҷотро ба Туркия фиристод.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 9-уми феврал гуфтанд, ин гуруҳ "таҷрибаи зиёд андӯхта", вале бори аввал ба амалиёти берун аз кишвар мераванд.

Пас аз заминларзаи сахти 6-уми феврал дар Туркия ва Сурия, ки ҷони чандин ҳазор нафарро рабуд, баъзе аз кишварҳои ҷаҳон наҷотбахшони худро ба маҳалли ҳодиса фиристоданд.

Амалиёти наҷоти одамон аз зери харобаҳо дар Туркия ва Сурия идома дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG