Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия афзоиш меёбад.
Наҷотбахшон одамонро аз зери харобаҳо берун меоранд.
Заминларзаи аввал тақрибан соати чори субҳи 6-уми феврал дар вилояти Ғозиантепи Туркия ба вуқуъ пайваст. Ба 7,8 дараҷа баробар буд.
Пас аз чанд соат заминларзаи дигаре бо қуввати камтар ва дар шимоли Сурия сабт шуд.
Созмонҳои имдодрасон мегӯянд, ин минтақа аллакай ба макони зисти шахсони осебпазиртарин дар ҷаҳон табдил ёфтааст.
Марк Кайе аз Кумитаи Байнулмилалии Наҷот гуфт, "шимоли Сурия 12 сол боз бо пайомадҳои даргирӣ рӯ ба рӯст. Зиндагӣ дар шароити хеле осебпазир. Дар биноҳое, ки барои истифода мувофиқ нестанд. Маҳз ба ҳамин сабаб шумораи зиёди одамон аз зери харобаҳо берун бароварда мешаванд."
Кайе афзуд, "шумораи зиёди захмиён ба шифохонаҳо эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Дар ҳоле ки шифохонаҳо дар пайи низоъ ва ҳоло боз дар натиҷаи заминҷунбӣ хароб шудаанд."
Ба қавли Марк Кайе, таконҳои замин ва таъсири он муддати номуайян идома мекунад ва ин дар ҳолест, ки ирсоли кумакҳои изтирории давомдор ба минтақа пешбинӣ нашудааст.
Дар натиҷаи такон хӯрдани замин аксари ҳалокшудагон дар Туркия сабт шудаанд. Садҳо нафари дигар дар Сурия қурбон гардиданд.
Заминларза дар Ироқ, Лубнон, Кипр ва Миср низ эҳсос шуд.
Гуфтугӯ