Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи пиёз дар Тоҷикистон дар як ҳафта 12% афзудааст


Нархи пиёз дар як ҳафтаи охир дар бозорҳои Тоҷикистон 12 дарсад боло рафтааст.

Барномаи озуқаи Созмони Милал, ки нархи бозорҳоро таҳлил мекунад, дар гузориши ахири худ, рӯзи 7-уми феврал гуфт, арзиши пиёз дар қиёс бо моҳи гузашта беш аз 50 дарсад афзуд.

Тибқи ин гузориш, килои пиёз дар кишвар вобаста ба минтақаҳо аз 7 то 11 сомонӣ аст.

Баъзе аз корбарони Радиои Озодӣ навиштаанд, як кило пиёз ба 12 сомонӣ расидааст.

Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон сабаби боло рафтани нархи пиёзро сардии бесобиқа номидааст. Ба навиштаи "Ҷумҳурият", ҳосили кишоварзонро дар анборҳо сармо зад.

Тибқи хулосаи Барномаи озуқаи Созмони Милал нархи маҳсулоти дигар, аз ҷумла орду равған ва биринҷу тухми мурғ, андаке поин рафтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG