Дар минтақаи зилзилазадаи Туркия ҷустуҷӯи 13 шаҳрванди Узбекистон идома дорад. Дар ин бора консулгарии Узбекистон дар шаҳри Истанбул хабар дод.
Пештар расонаҳо аз марги як шаҳрванди Узбекистон дар зилзилаҳои ахири Туркия гузориш доданд.
Маъмурияти дипломатии Узбекистон дар Туркия барои кӯч додани 17 шаҳрванди Узбекистон ба минтақаи амн мусоидат кардааст.
Рӯзи сешанбе ду ҳавопаймо аз Узбекистон ба Туркия кумаки башарӣ ва гуруҳи иборат аз 100 наҷотбахшро бурданд.
Гуфтугӯ