Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти ҳунарманди шинохта Чиллахон Холов


Чилахон Холов.
Чилахон Холов.

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Чиллахон Холов пас аз бемории тӯлонӣ шаби 7-уми феврал даргузашт. Ӯ 66 сол дошт. Дар ин бора дӯстонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Маросими дафни ӯ 8-уми феврал дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт доир мешавад. Овозхони шинохта аз чанд моҳ ба ин тараф аз беморӣ ранҷ мебурд. Чиллахон Холовро тақрибан як сол пеш ҷарроҳии гурда ҳам карда буданд.

Ин овозхон дар поёни солҳои 80-ум тариқи гурӯҳи "Ганҷина" ба саҳнаи бузург омад ва бештар сурудҳои халқӣ мехонд.

Аз сурудаҳои машҳури ӯ дуэти "Бозубандамро бидеҳ" аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG