Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониён аз 5 000 гузашт. Эълони мотами миллӣ дар Туркия. ВИДЕО


Ҳатай, Туркия
Ҳатай, Туркия

Шумораи қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия рӯзи 7-уми феврал аз 5 ҳазор нафар гузашт. Ҳодиса шашуми феврал рӯй дод. Шиддати заминларза ба 7,8 дараҷа баробар буд. Кӯшишҳо барои наҷоти одамон идома дорад.

Кишварҳои олам гурӯҳҳои наҷотро барои мадад ба мардуми офатзада фиристодаанд. Ба сабаби идомаи таконҳои замин, ки хавфи фурӯрезии биноҳоро афзоиш додааст, суръати амалиёти наҷот суст аст.

Мансабдорони Туркия мегӯянд, дар вилояти Ҳатай 1500 бино фурӯ рехт ва мардуми зиёде дар зери вайронаҳо монданд, вале то кунун кадом гурӯҳе барои наҷоти онҳо нарасидааст.

Аҳмад Алинак, яке аз осебдидагон, ба хабаргузориҳо гуфт, "ду ҷиянам дар вайрона монданд. Иҷозат намедиҳанд, ки худсарона амалиёти наҷот пеш барем. То ҳол давлат ҳам касеро барои кумак ба онҳо нафиристодааст."

Видео: Нақли як зани тоҷик

Барфу такони замин ба амалиёти наҷот халал мерасонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Шуморе аз сокинони минтақаҳои офатзада шаби гузаштаро дар толорҳои варзишӣ ва дигарон дар зери барфу борон дар кӯча гузарондаанд.

Тибқи омори расмии Туркия, ки субҳи сешанбе дастрас шуд, дар даҳ вилояти ин кишвар камаш 3419 нафар фавтида, беш аз 16 ҳазор кас ҷароҳат бардоштаанд. Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба ёди қурбониҳои заминларза ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон кард.

Бар пояи маълумот аз ҳукумати Сурия ва гурӯҳҳои ошӯбгарон, ки шимоли Сурияро зери тассаруф қарор додаанд, заминларзаи як рӯз пеш ҳаёти камаш 1444 нафарро аз байн бурд ва беш аз 3500 каси дигар дар ин ҳодиса захм бардошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG