Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Венера Ҷуматаева: Ҳоло як расонаро пурра бастан номумкин аст


Венера Ҷуматаева
Венера Ҷуматаева

Мудири бахши қирғизии Радиои Озодӣ (Азаттык) Венера Ҷуматаева 7-уми феврал дар мизи гирди “Фишор ба расонаҳо ва озодии баён дар Қирғизистон: таҷрибаи иҷрои қонун дар бораи муҳофизат аз маълумоти бардурӯғ” қазияи бахши зери раҳбарияшро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Ҷуматаева, кори радио баъд аз масдуд шудани сомонааш дар Қирғизистон тағйир наёфтааст. Ӯ гуфт, имрӯз комилан бастани як воситаи ахбори ом аз нигоҳи техникӣ ё фаннӣ номумкин аст.

"Мо ҳоло тавре кор мекунем, ки пештар мекардем. Имрӯз бастани расонаҳо аз нигоҳи фаннӣ ғайриимкон аст. Мо минбаъд низ дар бораи Қирғизистон менависем, рӯйдодҳоро инъикос мекунем ва иттилоотро бо забони қирғизӣ дар саросари ҷаҳон паҳн мекунем,” -- изҳор дошт Ҷуматаева.

Қаблан Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 23-юми январ аз Додгоҳи ноҳияи Ленини Бишкек хост, ки кори "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори ом қатъ кунад.

Ин вазорат рӯзи 26-уми октябри соли гузашта сомонаи "Азаттик Медиа"-ро барои ду моҳ баст ва дертар маҳдудиятро дароз кард. Сабаб як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон гуфта шуд.

Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри соли 2022 ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод номид.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG