Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ бемор аст, вале Додгоҳи Гурҷистон озод накард


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ

Додгоҳи шаҳри Тифлис (Тбилиси)-и Гурҷистон рӯзи 6-уми феврал ба дархости президенти пешини ин кишвар Михаил Саакашвилӣ дар бораи озодии пеш аз муҳлат аз зиндон посухи рад дод.

Пештар вакилони мудофеи Саакашвили хабар доданд, ки вай дар бахши эҳё бистарӣ аст. Ҷонибдорони президенти пешин мегӯянд, ӯро дар зиндон заҳролуд кардаанд.

Саакашвилиро соли 2021 бо гуноҳи суистифода аз мақом ба 6 сол зиндон маҳкум карданд.

Дар моҳи майи соли гузашта вазъи сиҳатии сиёсатмадор бад шуд. Вай аз 12-уми май дар беморхонаи хусусӣ бистарӣ ва ҳамзамон дар ҳабс аст. Аъзои хонавода ва вакилони мудофеи Саакашвилӣ талош доранд, ӯро озод карда, барои муолиҷа ба хориҷ баранд.

Вакилони мудофеъ гуфтанд, Саакашвилӣ қарори охири додгоҳро "ҳукми қатл" номидааст.

XS
SM
MD
LG