Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот боздошти рӯзноманигоронро шарҳ намедиҳанд


Мақомоти интизомии Узбекистон боздошти сухангӯи Вазорати меҳнат ва коҳиши фақри ин кишвар Мавҷуда Мирзоеваро, ки гуфта мешавад дар доираи парвандаи "Kompromatuzb" дастгир шудааст, шарҳ намедиҳанд.

Зарина Мирзоева, духтари Мавҷуда Мирзоева, дар охири моҳи январ ба хабаргузории "Газета.uz" гуфта буд, ки маъмурони ҳифзи ҳуқуқ субҳи рӯзи ҷумъа модарашро дар роҳ ба сӯи коргоҳ дастгир карда, ба боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар шаҳри Тошканд бурдаанд.

Аммо мақомоти узбек то ҳол ин хабарро расман шарҳ надодаанд.

Хабаргузории "Kun.uz" иттилоъ дод, ки Мирзоева дар доираи парвандаи телеграмканали "Kompromatuzb" дастгир ва бо қарори додгоҳ 10 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Муовини мудири кулли Оҷонси миллии иттилоотии "Уза" Хушнудбек Худойбердиев ҳам гуфтааст, Мирзоева ҳамроҳи рӯзноманигорони дигар Хуршеда Далиева ва Муслима Мирзоҷонова ҳамчун маъмури гуруҳи телеграмканали мазкур боздошт шуда, ба тамаъҷӯӣ, нақзи қонунҳо дар бораи андоз ва ҷиноятҳои дигари иқтисодӣ айбдор мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG