Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи Покистон даргузашт


Парвиз Мушарраф, ки генерал буд, зимни як табадуллоти давлатии бидуни хунрезӣ қудратро ба даст гирифт.
Парвиз Мушарраф, ки генерал буд, зимни як табадуллоти давлатии бидуни хунрезӣ қудратро ба даст гирифт.

Генерал Парвиз Мушарраф, ки қудрат дар Покистонро дар як табаддулоти бидуни хунрезӣ ба даст гирифт, дар 79-солагӣ даргузашт.

Мақомоти расмӣ рӯзи 5-уми феврал гуфтанд, Парвиз Мушарраф, ки аз як бемории тулонӣ ранҷ мекашид, дар шаҳри Дубай дар як шифохонаи хусусӣ ҷон додааст.

Ӯ, ки сарбози нерӯҳои махсуси Покистон ҳам буд, соли 1999 раҳбарони онвақтаи кишварро барканор кард ва аввал нахуствазир шуд. Соли 2001 худро раиси ҷумҳур эълон кард ва то соли 2008 дар ҳамин мақом буд. Баъди кашмакашҳои дохилӣ ва пирӯзии аҳзоби мухолиф дар интихоботи порлумонӣ Парвиз Мушарраф соли 2008 аз мақомаш истеъфо дод ва ба шаҳри Лондон рафт.

Соли 2013 барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ ба Покистон баргашт, вале чанд рӯз баъд ба зидди ӯ, аз ҷумла бо иттиҳоми қатли нахуствазири собиқ Беназир Бҳутто ва хиёнат ба давлат парванда боз карданд. Пас аз се сол барои муолиҷа ба хориҷ рафту дигар барнагашт. Моҳи декабри соли 2019 додгоҳи махсуси Покистон ӯро ба қатл маҳкум кард.

То дами марг дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ дошт. Дар замони раҳбариаш ба Тоҷикистон омада ва бо неругоҳи барқи обии Роғун ошно шудааст, ки қарор аст, дар сурати такмил шудан, барқи он то ба Покистон ҳам бирасад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG