Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистону Қирғизистон як кони газро якҷоя коркард мекунанд


Қирғизистону Узбекистон барои шурӯи коркарди муштараки кони гази "Сухи Шимолӣ" машварат доранд. Дар ин бора дар сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба вилояти Андиҷони он кишвар хабар дода шуд.

Мирзиёев гуфт, ин кони газ ба чанд иллат баста шуда буд. Аммо ҳоло бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов машвара шудааст. "Дар фурсатҳои наздик вазирони энержии ду кишвар мулоқот ва ҷиҳатҳои фаннии корро баррасӣ хоҳанд кард", - гуфт Мирзиёев.

Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, вазири энержии Узбекистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки кони мазкур тақрибан 2,5-3 млрд метри мукааб газ дорад.

Қисмати бештари кон дар ҳудуди Қирғизистон қарор дорад, аммо дастгоҳҳои ихроҷи газ дар ҳудуди Узбекистон. Барои истифодаи муштараки захираи гази кони "Сӯхи Шимолӣ" байни ду кишвар машваратҳо идома доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG