Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Канада ба ҷонибдорӣ аз қабули 10 ҳазор уйғур раъй доданд


Канада
Канада

Табақаи поёнии порлумони Канада рӯзи 1-уми феврал ба ҷонибдорӣ аз қабули 10 ҳазор паноҳандаи уйғур аз Шинҷони Чин раъй дод.

Дар порлумони Канада гуфтанд, ақаллиятҳои Шинҷон, ки дар кишварҳои севум паноҳанда шудаанд, аз ҷониби мақомоти Чин зери фишор ҳастанд ва Чин талош дорад, ки онҳоро баргардонад.

"Канада ҳамеша талош мекунад, ба онҳое мадад кунад, ки ба муҳофизат ниёз доранд", - гуфт вазири муҳоҷирати Канада Шон Фрейзер.

Ҳомиёни ҳуқуқ Чинро дар он гунаҳкор мекунанд, ки аз соли 2017 бештар аз як миллион мусалмони Шинҷонро дар урдугоҳҳои бозтарбия ҷой кардааст.

Моҳи феврали соли 2021 порлумони Канада муносибати Пекинро бо уйғуртаборҳо наслкушӣ номид. Котиби давлатии вақти Амрико Майк Помпео низ муносибати Чинро бо мусалмонони Шинҷон наслкушӣ арзёбӣ карда буд.

Чин айбҳоро рад ва амалашро дар Шинҷон тадбирҳои мубориза бо терроризму тундгароӣ меномад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG