Шаҳрвандони Узбекистон аз ин ба баъд метавонанд, дар Қазоқистон то 30 шабонарӯз бидуни сабтином ба сар баранд. Қазоқистониҳо низ дар Узбекистон ин ҳақро хоҳанд дошт.
Расонаҳо бо истинод ба Оҷонси муҳоҷирати кории хориҷии Узбекистон хабар доданд, ба созишнома дар бораи шартҳои сафари шаҳрвандони Узбекистон ва Қазоқистон ба кишварҳои ҳамдигар тағйирот ворид карда шудааст.
Тибқи тағйирот, шаҳрвандони Узбекистон ва Қазоқистон минбаъд метавонанд дар кишварҳои ҳамдигар то 30 шабонарӯз бидуни қайд ба сар баранд. Онҳо баъди 30 рӯз вазифадоранд, ки худро дар маҳалли зист муваққатн сабт кунанд.
Қаблан ин муҳлат панҷ шабонарӯзро ташкил медод.
Гуфтугӯ