Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон мехоҳанд, 50 нерӯгоҳи хурд созанд


Ҷалолобод
Ҷалолобод

Бакит Торобоев, муовини раиси девони вазирони Қирғизистон, гуфт, бо дастури президенти он кишвар имсол 50 нерӯгоҳи хурди барқӣ хоҳанд сохт.

Торобоев ҷузъиёти сохтмони нерӯгоҳҳоро шарҳ надод.

Дар Қирғизистон ҳамасола 14-15 миллиард кВт/соат барқ истеҳсол мешавад.

Ба иттилои девони вазирони он кишвар, дар Қирғизистон талаботи рекордӣ ба барқ мушоҳида мешавад ва, ба ҳамин далел, харҷи оби обанбори Токтогул бештар шудааст.

Пештар ҳукумати Қирғизистон барои гирифтани барқ бо Туркманистону Қазоқистон шартнома баст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG