Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони дорои шиносномаи Русия ёрӣ мехоҳанд


Русия дар моҳи феврали соли гузашта ба хоки Украина ҳамла кард
Русия дар моҳи феврали соли гузашта ба хоки Украина ҳамла кард

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон мегӯянд, муҳоҷирони қирғизистонӣ дар Русия ба онҳо муроҷиат карда, барои эмин мондан аз сафарбарӣ ба ҷанги зидди Украина мадад мехоҳанд.

Дар Қирғизистон намедонанд, ба қирғизистониҳои муқими Русия чӣ гуна ёрӣ расонанд. Садҳо ҳазор қирғизистонӣ дар солҳои гузашта шаҳрвандии Русияро гирифтанд, аммо аз шаҳрвандии Қирғизистон низ даст накашиданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин масъаларо бояд дар сатҳи давлатӣ ҳал кард.

Азиза Абдирасулова, ҳомии ҳуқуқ дар Қирғизистон, мегӯяд, дар ду ҳафтаи охир ба вай даҳҳо зодаи Қирғизистон аз Русия муроҷиат кардаанд, ки шаҳрвандии он кишварро доранд. Қирғизистониҳои дорои шаҳрвандии Русия намехоҳанд, ба ҷанги зидди Украина сафарбар шаванд.

"Онҳо тааҷҷуб мекунанд, ки сафорати Қирғизистон дар Русия ба онҳо кумак намерасонад. Бо тааҷҷуб мегӯянд: мо қирғизистонӣ ҳастем, чаро сафорат кумак намерасонад? Чаро моро ба Қирғизистон намефиристад? Ман навиштам, ки сафорат вазифадор нест, ба Шумо ёрӣ кунад, зеро дигар шаҳрванди Қирғизистон нестед. Маҳз ҳамин ҳолатро бисёриҳо намефаҳманд," -- гуфт Азиза Абдирасулова.

Ин навиштаи Абдирасулова дар миёни корбарони қирғизистонии шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Бархе аз вай ҷонибдорӣ карда, бархеи дигар зид баромаданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG