Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зидди озори ҷинсии занон дар Остона тазоҳурот карданд


Остона, 30-юми январи 2023
Остона, 30-юми январи 2023

Як гуруҳ аз сокинони Қазоқистон 30-юми январ дар шаҳри Остона бо иҷозати мақомот зидди озору азияти ҷинсии занон тазоҳурот карданд.

Таҷаммуъгарон аз мақомоти Қазоқистон талаб карданд, ки мафҳуми "озори ҷинсӣ" ба қонунгузории он кишвар шомил ва барои он ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ карда шавад.

Тазоҳурот дар таваққуфгоҳи назди бинои сирки Остона баргузор шуда, дар он ҳудуди 50 нафар, асосан духтарон иштирок карданд.

Иштирокдорон дар даст шиорҳоеро бо талаби риояи ҳуқуқи занон, сахттар кардани ҷазо барои озор ва хушунати ҷинсӣ доштанд.

Дар Қазоқистон соли 2009 қонун дар бораи хушунати хонаводагӣ-маишӣ қабул ва чандин бор ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG