Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сухангӯи Вазорати меҳнати Узбекистон


Stolen Handcuffs
Stolen Handcuffs

Сухангӯи Вазорати меҳнат ва коҳиши фақри Узбекистон Мавҷуда Мирзоева дастгир шудааст.

Зарина Мирзоева, духтари Мавҷуда Мирзоева ба Хабаргузории "Газете.uz" гуфтааст, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ субҳи рӯзи ҷумъа модарашро дар роҳ ба сӯи коргоҳ дастгир карда, ба боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар шаҳри Тошканд бурдаанд.

"Се рӯз мешавад телефони дастии модарам хомуш аст. Моро ба назди ӯ роҳ намедиҳанд. Вакили дифоъ ҳам намеояд ва мегӯяд, муфаттиш ба зангҳо ҷавоб намедиҳад. Намедонам чаро модарамро дастгир кардаанд ва касе ҳам инро шарҳ намедиҳад", -изҳор доштааст Мирзоеваи хурдӣ.

Хабаргузории "Kun.uz" иттилоъ додааст, ки Мирзоева дар доираи парвандаи телеграмканали "Kompromatuzb" дастгир ва бо қарори додгоҳ 10 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Муовини мудири кулли Оҷонси миллии иттилоотии "Уза" Хушнудбек Худойбердиев ҳам гуфтааст, Мирзоева ҳамроҳи рӯзноманигорони дигар Хуршеда Далиева ва Муслима Мирзоҷонова ҳамчун маъмури гуруҳи телеграмканали мазкур боздошт шуда, ба тамаъҷӯӣ, нақзи қонунҳо дар бораи андоз ва ҷиноятҳои дигари иқтисодӣ айбдор мешаванд.

Мавҷуда Мирзоева дар гузашта дар телевизионҳои давлатии "Yoshlar" ва "Узбекистон 24" кор карда, матлабҳояш дар сомонаи "Human.uz" ҳам нашр мешуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG